«Истиқлол» аз Аргентина футболбоз харид

0
1 090 просмотров

Бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе ҳайати худро бо як нимҳимоятгар аз Аргентина пурзӯр кард.

Дар равзанаи гузаришии  тобистона қаҳрамони бисёркаратаи  кишвар бо нимҳимоятгар аз Аргентина Гонсало Ритако шартнома баст.  Гонсало субҳи имрӯз ба Душанбе омад ва дар тамрини бегоҳирӯзӣ  бо даста шинос мешавад.

Гонсало Габриэл Ритако 21 майи соли 1993 дар Аргентина таваллуд шудааст.

Дар дастаҳои Аргентина, Эквадор ва Юнон бозӣ кардааст. Охирин даста — «Қизилқум» (Ӯзбекистон).

Бояд гуфт, ки бозигари нави «Истиқлол» Гонсало Ритако аввалин футболбози аргентинӣ мебошад, ки дар чемпионати футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Пойафзол хислати инсонро фош месозад!

Дон-Жуани крассовкипӯш Равоншиносон мӯътақиданд, ки инсон ҳангоми интихоб намудани пойафзол беихтиёр хислати худро ба атрофиён фош месозад. Хоксорию меҳрубонӣ ё баръакс ғуруру такаббур ва ҳатто ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: