Истиқбол дар фурудгоҳи миллии Мински Ҷумҳурии Беларус

0
5 081 просмотров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи миллии Минск Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Беларус гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз бо талошҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар, сиёсати дурбинонаи хориҷии дарҳои бози Пешвои миллат, иродаи қавии сарони давлатҳо ва муколамаи сатҳи олии Тоҷикистону Беларус, муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду давлат сатҳу сифати нав касб кардааст.

Дар назар аст, ки зимни ин сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ оид ба баррасии маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва дарёфти роҳҳои таъмиқи робитаҳои Тоҷикистону Беларус, баргузор гардад.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ғалабаи мунтахаби Тоҷикистон бар АМА

Дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев бар муқобили тими миллии АМА як ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: