Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ наздик ба 2 млрд сомонӣ

0
3 351 просмотров

Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиарду 881,3 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд.

Дар ин давра дар ҳамаи категорияи хоҷагӣ 25088,2 тонна картошка, 67207,9 тонна сабзавот, 8539 тонна полезӣ, 48077 тонна меваҷот, 15,4 тонна ангур, 57660,1 тонна ғалладонагӣ истеҳсол карда шудааст.

Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 736,5 гектар боғи нав бунёд карда шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 117 гектар ниҳоли мевагиҳои тухмдор, дар 596,4 гектар ниҳоли мевагиҳои донакдор, дар 4 гектар ниҳоли мевагиҳои мағздор ва дар 19,1 гектар ниҳоли мевагиҳои субтропикӣ шинонда шудааст. Ҳамзамон 57,6 гектар токзори нав бунёд гардида, 887,6 гектар боғ ва 68,5 гектар токзор аз нав барқарор ва 7,4 ҳазор адад ниҳоли тут шинонда шудааст.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 13.12.2017

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 13 декабр  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8223 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: