Истеҳсоли 189 667 тонна шир дар хоҷагиҳои вилоят

0
2 412 просмотров

Ба ҳолати 1-уми ноябри  соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 28790,6 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми ноябри соли 2014 — ум 4,6 фоиз зиёд аст.

Бино ба иттилои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои ноҳияҳои Конибодом – 25,1 фоиз, Ашт – 12,8 фоиз, Исфара – 5,7 фоиз, Ҷаббор Расулов – 5,5 фоиз, Истаравшан – 3,8 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 189667,9 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми ноябри  соли 2014 -ум 2,3 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Исфара – 10,6 фоиз,  Зафаробод – 8,8 фоиз,  Ашт – 5,4 фоиз ва Истаравшан – 2,0 фоиз  афзудааст.

Манбаъ: http://sugd.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Душанбе ва Хуҷандро автобусҳо пайваст мекунанд

Миёни Душанбе ва Хуҷанд автобусҳо равуо мекунанд. Комиссияи махсуси байни мақомоти марбута имкони роҳандозии мусофиркашонӣ бо автобусҳо байни минтақаи ҷануб ва шимоли Тоҷикистонро мавриди омӯзиш ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: