Истанбул: баргузории Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия

0
1 551 просмотров

3 март Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи CVK Park Bosphorus-и шаҳри Истанбул Форуми cайёҳии Тоҷикистон ва Туркияро доир менамояд, иттилоъ доданд дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».

Интизор меравад, ки дар Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия беш аз 100 ширкати тоҷикию туркӣ ва коршиносону намояндагони вазорату идораҳои соҳаи сайёҳӣ дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ (offline ва online) иштирок намоянд.

Дар ҳошияи форуми сайёҳӣ намоишгоҳи мавод ва маҳсулоти ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия низ ташкил карда мешавад.

Инчунин тибқи барномаи форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар сиғаи «B2B» ва бо мақомоти дахлдор дар сиғаи «B2G» пешбинӣ шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Рекорд побит, курс биткоина превысил $5 тысяч

Курс биткоина достиг исторического максимума, составив $5,013 тыс. Биткоин — это электронное платежное средство. Концепция системы была опубликована в ноябре 2008 года ее автором (возможно, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: