Иштироки Тоҷикистон дар «CRAFT FAIR UZBEKISTAN 2022»

0
899 просмотров

Аз 30 ноябр то 2 декабр дар Тошканд Ярмаркаи байналмилалии «Craft Fair Uzbekistan 2022» баргузор мегардад, ки дар он Тоҷикистонро Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва ширкати сайёҳии «Артуч» намояндагӣ мекунанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ярмаркаи мазкур дар Маҷмӯи миллии намоишгоҳи «Узэкспомарказ» баргузор мешавад. Дар он маҳсулоти ҳунармандони тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ муаррифӣ мегарданд.

Дар доираи ярмаркаи мазкур инчунин дарсҳои маҳорат оид ба ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Долони нави мустақими ҳавоии байни Тоҷикистон ва Чин — POMIR-AGVUT ба масири транзитӣ табдил дода мешавад

Дар шаҳри Душанбе 6-умин вохӯрии ҳамоҳангсозии системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иттилоъ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: