Иштирокчиёни олимпиада ба Душанбе раҳсипор шуданд

0
6 272 просмотров

Имрӯз дар Раёсати маорифи вилоят маросими гусели  ғолибони олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои дақиқ ҷиҳати иштирок ба даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар он сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода иштирок ва суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки соли гузашта мактабиёни вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба дарёфти 72 ҷойи намоён мушарраф гардида, дар миқёси  кишвар ҷойи аввалро соҳиб шуда буданд. Олимпиадаи вилоятӣ собит намуд, ки имсол низ дар байни мактабиёни вилоят хонандагони соҳиблаёқату баландистеъдод хеле зиёданд. Изҳори  умеду боварӣ менамоем, ки соли равон дар чунин донишсанҷии сатҳи баланд толибилмони вилоят  ба дастовардҳои боз ҳам баландтар сазовор мегарданд. Сардори Раёсати маорифи вилоят ба иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳи сафед ва дар иштирок дар мусобиқа равнақу барорҳо таманно намуд.

 

Манбаъ: http://sugd.tj/index.php/tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Тоҷикистон наздик ба 250 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва беш аз 19 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд

Санаи 18.05.2025 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар Дави миллӣ дар тамоми ҷумҳурӣ наздики 250  ҳазор нафар, дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: