Ҳиндустон ба татбиқи лоиҳаи инфрасохторӣ дар Душанбе шурӯъ намуд

0
1 915 просмотров

Ҳиндустон ба татбиқи  як лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ дар бахши  коммуникатсия дар  Тоҷикистон — шоҳроҳи 8-қатораи Душанбе-Чортут, ки марҳилаи 1-уми роҳи пешниҳодшудаи Душанбе мебошад, шурӯъ намуд.   Ба ин муносибат  бо иштироки муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода, Сафири  Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ ва роҳбари гурӯҳи BRO дар Душанбе Бхуми Пужан маросими гузоштани санги асос баргузор гардид.

Масъулини  Созмони роҳҳои наздисарҳадии Ҳиндустон (BRO), ки ба Душанбе ташриф овардаанд, вазифадор гардидаанд ин  лоиҳаро дар кӯтоҳтарин муддат ба анҷом расонанд.

Лоиҳа дар доираи гранти 20 миллиондолларии кумаки Ҳиндустон ба Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ҷаноби Рам Натҳ Ковинд ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2018 эълон шуда буд,  амалӣ мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур ба тақвияти муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон мусоидат менамояд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Маълумоти нав барои мухлисони Samsung

Маълумоти наве, ки дар шабака пайдо шудааст, нишон медиҳад, ки Samsung Galaxy S22 метавонад як навигарии муҳимро, ки истеҳсолкунандаи Корея таҳия кардааст, нагирад. Ин парванда ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: