Имсол аз Конибодом ба хориҷи мамлакат 420 тонна зардолу содирот гардид

0
1 168 просмотров

Боғпарварони шаҳри Конибодом имсол ҳосили хуб рӯёнида,  то имрӯз  ба хориҷи мамлакат  420 тонна зардолу содирот намуданд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки  фурӯши меваи зардолуро ба хориҷи кишвар идома диҳанд, хабар  дод ба  АМИТ «Ховар» корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо  ҷараёни ҷамъоварии  меваи зардолу шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Конибодом беш аз 11 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд буда, аз он 8 ҳазор гектараш ҳосилдеҳ мебошад. Ҳамасола аз ин боғот мева ҷамъоварӣ шуда, қисме аз он содирот ва қисми дигар хушконида мешавад.

Деҳқонони  Конибодом дар парваришу истеҳсоли меваи зардолу таҷрибаи хуб доранд ва иқлими мусоиди минтақа низ имкон медиҳад, ки ҳосили хуб рӯёнида шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин бо нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов шинос шуда, барои риояи қоидаҳои агротехникӣ ва озуқадиҳии зироат ба масъулин тавсияҳои муфид  дод.

Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии Конибодом,  дар хоҷагиҳои деҳқонии ин минтақа 5402 гектар пахта кишт гардида, нашъунамои зироат хуб ва дар меъёри муқаррарӣ мебошад. Кишоварзон аҳлона заҳмат кашида, барои ба даст овардани ҳосили зиёд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мақсадҳо бигузор ва ба қафо нигоҳ накардаба пеш қадам неҳ: чӣ тавр модари серфарзанд аз Тоҷикистон ба модел табдил ёфтааст?

Таърихи модари 30-солаи серфарзанд Парвина Саидова нишон медиҳад, ки фарзандон барои сохтани мансабаш халалрасон нестан.Баръакс, ҳатто вақте ба назар мерасад, ки гӯё ҳает ба итмом ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: