Илон Маск исми аввалин сайёҳи кайҳониро эълон кард

0
2 360 просмотров

Илон Маск дар “твиттери” худ суратеро бо миллиардери ҷопонӣ Юсаку Маэдзава интишор намуд. Ин шахс нақша дорад соли 2023 аввалин сайёҳ яъне туристи кайҳони шавад, ки ба мадори Моҳ бо ракетаи Big Falcon Rocket сафар мекунад.

Маэдзава дорандаи интернет-мағозаи бузурги Zozo мебошад. Аз сафари худ ӯ мехоҳад арт-лоиҳае кунад, бо ин сабаб ҳамроҳаш боз 8 нафарро аз олами фарҳанг мебарад – рассом, мусиқачӣ, филмсоз, тарроҳи либос ва ғайраҳоро.

Дар доираи сафари кайҳони гурӯҳи сайёҳон бо ракетаи SpaceX мадори Моҳро давр зада ба замин бар мегаранд. Бо ҳисобҳои пешаки барои ин ба онҳо як ҳафта вақт кифояги мекунад.

SpaceX бо аввалин сайёҳи кайҳони ҳанӯз санаи 14 сентябр шартнома баст ва танҳо дар презентатсия номи ӯро эълон намуд. Онҷо худи Илон Маск, кормандони SpaceX ва аввалин сайёҳ Юсаку баромад намуданд. Нархи “чипта” ба Моҳ номбар намешавад, аммо мо маводҳои рақибонро ба даст овардем. Барои мисол ширкати Blue Origin барои сафар ба мадори Замин 300 ҳазор доллар мепурсанд. Сафар ба моҳ тақрибан даҳҳо баробар гарон хоҳад шуд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: