Иҷозатномадиҳӣ дар Тоҷикистон осонтар мешавад

0
2 900 просмотров

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ»-ро маъқул шуморид.

Зимни шарҳи тағйироту иловаи мазкур ба ҳамтоёни худ вакил Толиббек Бухориев қайд кард, ки онҳо ба соддатару осонтар кардани машғул шудан ба тиҷорат аз ҷониби шаҳрвандони ҷудогона, шахсони ҳуқуқӣ ва сармоягузорон нигаронида шудаанд.

«Мутобиқи тағйироту илова, номгӯи рӯйхати гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ дар бахшҳои аудит, аудити экологӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард, рондани чорво ба воситаи роҳҳои автомобилгард, ниҳолшинонӣ қад-қади ҷуйбор (канал) ва ҳавзу обанборҳо ба миқдори 30% кам карда мешавад», — иброз дошт вакил.

Дар ин бора news.tj хабар медиҳад. http://news.tj/tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои Урдун – Тоҷикистонро ҳайати доварон аз Уммон доварӣ мекунанд

Ҳайати довароне, ки дар бозии панҷуми даври дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон кор мекунад, маълум шуд. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: