Ҳинду дар чидани матн рекорди нав гузошт

0
3 126 просмотров

Истиқоматкунандаи Ҳайдарободи Ҳиндустон, Муҳаммад Хуршед Ҳусейн барои он, ки бо суръати тез матнро ба воситаи биниаш чида буд, рекорд нишон додааст. Дар ин бора Daily Mirror иттилоъ медиҳад. Дар ҳузури коршиносони Китоби рекорди Гинесс, ҷавонмарди 23-сола тавонистааст дар муддати 47,44 сония иборае, ки аз 103 калима иборат буд, ба воситаи биниаш чинад.

Иборае, ки Муҳаммад навиштааст, чунин оғоз меёфт: «Китоби рекордҳои Гинесс, маро интихоб намудааст, то ки инро дар муддати хеле кӯтоҳ чоп кунам».

Ҳангоми чидани матн, барои беҳтар иҷро намудани ин кор, Муҳаммад як чашмашро пӯшида матнро чида буд. Илова бар ин, ду дастони ӯ дар пушташ баста шуданд. Барои расидан ба ин мақсад, ҷавонмард тӯли се сол, ҳамарӯза дар як рӯз шаш соат  машқ карда будааст. Қаблан низ Муҳаммад Хуршед Ҳусейн аллакай чунин рекордро нишон дода буд.  Моҳи феврали соли 2012-ум ба ӯ муяссар гардида буд, ки ҳамаи ҳарфҳои забони англисиро дар муддати 3, 43 сония чоп кунад.

Сарчашма: http://lenta.ru/news/2014/12/30/nose/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Великий талант. Популярному певцу Кароматулло Курбонову исполнилось бы 57 лет

История таджикской  эстрадной музыки знает немало весьма трагичных сюжетов. В период 80-90-х годов ХХ века случилось несколько громких происшествий, в результате которых погибли известные музыканты ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: