Фотима бори дуюм чемпиони ҷаҳон гардид

0
4 663 просмотров

Фотима Гадоева, варзишгар ва хонандаи синфи 5-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-уми Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон дар мусобиқаи байналмилалии «Аbu Dhabi world professional Jiu-Jitsu Сhampionship 2018» соҳиби ҷойи аввал шуд.

Дар ин бора Мамнур Нурзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон дар такя ба иттилои кумитаи тадорукоти мусобиқаи байналмилалии мазкур хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ дар ин чемпионат аз шаҳри Бӯстон бо роҳбарии мураббӣ Абдуманнон Раҳимов 5 нафар варзишгарон ширкат намуда, дар чемпионат қувваозмоӣ намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2017 низ Фотима Гадоева дар ин мусобиқаи бонуфуз иштирок намуда, чемпиони ҷаҳон гардида буд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Госдеп подтвердил встречу делегаций США и КНДР

Делегация Соединенных Штатов в настоящее время ведет переговоры с официальными лицами из Северной Кореи в пункте Пханмунджом, расположенном в демилитаризованной зоне между двумя Кореями. Об этом в ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: