Духтараки ҷопонии виртуалиро аз аслӣ фарқ карда намешавад

0
3 552 просмотров

Дизайнерони Теруюки ва Юка Ишикава аз Ҷопон модели компютериро коркард намуданд, ки Сайя ном дорад. Толибаи виртуалии мактабро истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз духтараки ҳақиқӣ фарқ карда натавонистанд. Видео дизайнерон онро дар сомонаи YouTube ба табъ расониданд.

Тарққиёти бемайлони технологӣ

Теруюки ва Юка натанҳо модели визуалии компютериро намоиш доданд, балки барои духтараки вертуалӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ саҳифаи шахсиашро кушоданд, менависад CNet. Аз номи духтараки вертуалӣ бо номи Сайя суратҳоро ҷойгир намуда, бо истифодабарандагон муошират намуданд.

Дертар дизайнерон ба Масахиро Мори, профессори соҳаи робототехника муроҷиат намуданд. Ӯ ба ин навоварони технологӣ дар офаридани аниматсияи нисбатан воқеӣ кӯмак расонид.

Ин видеоро тамошо кунед ва бигӯед, ки оё Шумо Сайяро аз духтараки муқаррарии мактабхони ҷопонӣ фарқ карда тавонистед ё не?

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуда буд, ба имзо расонида шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: