Ду филми «Тоҷикфилм» ба Кинофестивали XVII байналмилалии «Хазонрез» роҳ ёфт

0
1 775 просмотров

Аз 19 то 23 ноябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Кинофестивали XVII байналмилалии «Хазонрез» (Листопад) ва ҷаласаи Шӯрои директорони киностудияҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Барои иштирок дар ин кинофестивал ду филми ҳунарии «Тоҷикфилм» — «Автобус» ва «Охирин сайди сайёд» пешниҳод гардидаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».

Дар кинофестивали мазкур филмҳо аз давлатҳои Русия, Эрон, Эстония, Чин,  Озарбойҷон, Ветнам, Нигерия, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Фаронса, Гурҷистон, Швейтсария ва дигар кишварҳо намоиш дода мешаванд.

Дар Кинофестивали XVII байналмилалии «Хазонрез» ва ҷаласаи Шӯрои директорони киностудияҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистонро директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён намояндагӣ хоҳад намуд.

Дар доираи Шӯрои директорони киностудияҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзои Созишнома оид ба филмбардории муштарак миёни кишварҳои аъзои ИДМ ва Гурҷистон дар назар аст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 27.01.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: