Донишҷӯи ДДҲБСТ ба Чехия меравад

0
3 100 просмотров

Бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Чемпиони Тоҷикистон оид ба брекданс Саидакмал Саидзода ба Чемпионати ҷаҳон оид ба брекданс ба шаҳри Прагаи Чехия равон гашт.

Сафари ӯ бо дастгирии молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат пазируфт, ки Саидакмал Саидзода пеш аз сафар миннатдории худро ба Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иброз дошт. Қаблан Саидакмал Саидзода дар мусобиқаҳои байналхалқӣ оид ба брекданс дар шаҳрҳои Варшаваи Лаҳистон, Мински Белоруссия, Остонаи Қазоқистон ширкат варзидааст ва соли 2016 Чемпиони Тоҷикистон дар ин намуди варзиш гардида буд.

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби асъор барои имрӯз 13.11.2017

Имрӯз, 13 ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8200 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: