«ДИСИ Инвест ғолиби лигаи касбии футзали Тоҷикистон

0
2 895 просмотров

Мавсими имсолаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «ДИСИ Инвест»-и Душанбе ба поён расид. «ДИСИ Инвест», ки бори чаҳорум қаҳрамони Тоҷикистон шуд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2018 мушарраф гардид. «ДИСИ Инвест» аз 28 бозӣ дар 26-тоаш ғолиб омада, танҳо дар ду дидор мағлуб шуд ва бо 78 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Душанбегиҳо бо медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии футзали Тоҷикистон мукофотонида мешаванд. Медалҳои нуқра барои аввалин бор насиби дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд гардид. Ин даста, ки 65 имтиёз дорад, мақоми дуввумро азони худ кард. Ду даста – «Равшан»-и Кӯлоб ва «Соро компания»-и Душанбе — 55-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои миёни ҳарду «Равшан» мақоми севвумро соҳиб шуд ва бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегардад. Бозигари «Равшан» Шодӣ Муродов, ки 46 тӯб задааст, беҳтарин нишонзани мусобиқот гардид.

 

Ҷадвали лигаи касбии футзали Тоҷикистон мавсими -2017

Манбаъ: сомонаи расмии телевизиони «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Фрэнк Байрон — кукла-убийца

А знаете ли Вы, что в 1924 году в Детройте (США) в убийстве 3 человек обвинили куклу? Этой самой куклой был Фрэнк Байрон-младший – кукла ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: