Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2023 шуд

0
779 просмотров

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футбола гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Муаллифи голи пирӯзиовар ҳамлагари «Равшан» Амирҷон Сафаров шуд.

Дарвозабони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Евгений Гритсенко беҳтарин бозигари бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки 6 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дар 14-умин бозии Суперҷоми Тоҷикистон баргузор шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Иштироки президент дар тантанаҳои бахшида ба 22- юмин солгарди таъсиси ҚМ

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи (ҚМ) кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 22-юм аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: