Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ҳаштякфинал баромад

0
412 просмотров

Имрӯз, 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа тими миллии Лубнонро мағлуб намуд, ба марҳилаи ҳаштякфинал баромад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.

Ҳамин тавр аз гурӯҳи «А» мунтахаби Қатар аз ҷойи якум ва мунтахаби Тоҷикистон аз ҷойи дуюм ба марҳилаи ҳаштякфинал роҳ ёфтанд.

Бояд гуфт, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Домашний огород в городской квартире

Горох, клубника и даже банан — рассказываем, какие растения посадить, чтобы создать огород в городской квартире. 1. Перец Перец чили можно вырастить дома на солнечном подоконнике. Обратите внимание ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: