Дастаи миллии Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март ду бозии дӯстона анҷом медиҳад

0
773 просмотров

Дастаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март ду бозии дӯстона анҷом медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 март дар Дубай бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад. Пас аз се рӯз, 28 март дастаи миллии мо дар шаҳри Ал-Кувайт бо тими миллии Кувайт вомехӯрад.

Барои дастаи миллии Тоҷикистон вохӯриҳои дарпешистода яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, ба ҳисоб мераванд.

Бозиҳои дӯстона

 25 март (шанбе)

АМА –  ТОҶИКИСТОН

 Дубай, АМА

 28 март (сешанбе)

Кувайт –  ТОҶИКИСТОН

 Ал-Кувайт, Кувайт

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 10.10.17

Имрӯз, 10 октябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8000 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: