Дар Тоҷикистон ба санҷиши кори нақлиёти ҷамъиятӣ шурӯъ намуданд

0
1 976 просмотров

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 5 то 15 июн дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти «Автобус» гузаронида мешавад.

«Мақсад аз чунин амалиёт ба низом даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбар,  мунтазам тамиз кардани онҳо, назорат бурдан аз кори ронандагон, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риоя намудани масофаи иҷтимоӣ дар дохили нақлиёт, ҳамчунин  ошкор ва пешгирии  вайронкуниҳои дағалонаи қоидаҳои роҳ аз ҷониби ронандагон мебошад»,- қайд намуданд дар  вазорат.

Шоистаи зикр аст, ки чунин  амалиётҳо оид ба фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар шаҳрҳо ва минтақаҳои алоҳида мунтазам гузаронида мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Таджикистан и Узбекистан: начали разминировать границы

Началась совместная с Узбекистаном операция по очистке заминированных территорий на таджикско-узбекской границе. «Разминирование началось с территории Пенджикентского района Согдийской области Таджикистана, который граничит с Самаркандской ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: