Дар Суғд фаъолияти корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» баррасӣ гардид

0
645 просмотров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Ли Ҷумин мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти кунунии корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ», ки соли 2017 бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ дар ноҳияи Айнӣ ба истифода дода шуда буд, мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят бо назардошти ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дастуру тавсияҳо дод.

Бояд гуфт, ки дар ин корхона консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Директори иҷроияи ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон меояд

28 январ мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо мудири иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Кэтрин Рассел баргузор ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: