Дар шаҳри Хучанд тарабхонаи замонавии «Форел» сохта мешавад

0
417 просмотров

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили рости дарёи Сири шаҳри Хуҷанд тарабхонаи замонавии «Форел» сохта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бо назардошти минтақаи хуби истироҳативу сайёҳӣ будани мавзеъ соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки тарабхонаи брендӣ ташкил намуда, ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд хизмат расонанд.

Зимни бунёди ин тарабхона тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарё, бартарафсозии иншооти нозарур ва таъмиру тармими тайёраи «ИЛ-18», ки дар ин мавзеъ қарор дорад, дар назар дошта шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷамъбасти Samsung Forum 2015

13 феврали соли равон дар Анталияи Туркия намоиши бонуфузи Samsung Forum 2015 шуда гузашт. Намоишгоҳро зиёда аз 800 нафар ташриф оварданд, ки аз онҳо 70 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: