Дар шаҳри Хуҷанд ниҳолшинонӣ вусъат меёбад

0
397 просмотров

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррамнамоии кӯчаю хиёбонҳо дар гулгашти назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ роҳбарияти вилояти Суғд,  шаҳри Хуҷанд  ва кормандон иштирок намуда, ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо ва майдону галгаштҳоро тадбири муҳим барои беҳтар кардани муҳити зист донистанд.

Амалисозии чунин тадбирҳо на танҳо ба ҳусни шаҳр зебоии нав зам мекунад, балки барои беҳтар гардидани сифати ҳаво низ муфид мебошад. Хусусан дар фасли тобистон ҷойҳои сарсабз ва кӯчаю хиёбонҳои сердарахт барои истироҳату фароғати сокинон хеле зарур мебошанд.

Ба масъулин барои идома додани корҳои ниҳолшинонӣ, нигоҳубини дарахтон ва сарсабз нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо ва минтақаҳои истироҳатию фароғатии шаҳри Хуҷанд маслиҳату тавсияҳо дода шуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

111 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд

111 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтиёран ба сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: