Дар кори Facebook, Instagram ва WhatsApp бозмонии таърихӣ ба амал омад

0
2 102 просмотров

Истифодабарандагони Facebook, Instagram ва WhatsApp дар тамоми ҷаҳон аз хизматрасонии ин шабакаҳо шикоят доранд, менависад сомонаи Downdetector, ки фаъолияти маҳзанҳои интернетиро мушоҳида мекунад.

Нуқсонҳо дар корбарии Instagram, ки аз соли 2012 ба ширкати Facebook таалуқ дорад, тахминан соатҳои 20:00 шаби гузашта ба амал омаданд.

Бисёрии истифодабарандагон аз он шикоят доранд, ки ба акаунти худ ворид шуда наметавонанд, баъзеҳо аз хондани лентаи хабари мушкили мекашанд. Бар замии ин бо чунин шикоятҳо истифодабарандагони Facebook, низ муроҷиат намуданд.

Асосан шикояти истифодабарандагон аз ИМА, Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Туркия, Британияи Кабир, Поругалия, Полша, Нидерланд ва дигар кишварҳо ба қайд гирифта шудааст.

Маъмурияти Instagram сабаби нуқсонро номбар нанамуд, лекин ҷой додани онро тасдиқ намуд. Баъдан оиди бартараф намудани нуқсонҳо иттилоъ дода шуд.

Кормандони Facebook хабар доданд, ки сабаби машкилон бо ҳуҷуми- DDoS алоқае надорад ва ваъда доданд, то мушкилотро дар муддати кӯтоҳ бартараф намоянд.

Бо чунин мазмун баъзе аз корбарони WhatsApp низ шикоят намуданд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Суғд : Кормандони БДА дар 10 рӯз ҳудуди 600 мавриди истифода аз телефонҳои мобилӣ ҳангоми рондани мошинро ошкор кардааст.

Раёсати БДА-и ВКД дар вилояти Суғд амалиёти “Телефони мобилӣ”-ро анҷом дод. Бино ба иттилоъи маркази матбуотии ВКД ҶТ, тибқи дастури раҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: