Дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати соҳибкарон мизи мудаввар доир гардид

0
5 016 просмотров

Дар китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи соҳибкорони хориҷӣ ва дохилӣ, намояндагони кумита ва ташкилоти дахлдор бо мусоидати котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳдошти фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид. Дар рафти ин ҳамоиш масъалаҳои ҷалби бештари сармоягузорон ва осон гардонидани роҳҳои фаъолият матраҳ гардид. Дар рафти мизи мудаввар иштироккунандагон ба натиҷаи фаъолияти худ ва беҳдошти фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Тавре иброз гардид Шӯрои машваратӣ оид ба беҳдошти фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин роҳ саҳми босазои худро бояд гузорад. Таъкид рафт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст ва то имрӯз дар ин самт натиҷаи дилхоҳ ба бор омадааст. Гуфта шуд, ки дастгирии соҳибкорӣ аз ҷониби давлату ҳукумати мамлакат, рушди бахши хусусӣ ва роҳандозии ҷиддии фазои мусоид барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ аз ҳадафҳои асосии Шӯрои машваратӣ аст. Дар ин самт касе бояд бетарафӣ зоҳир накарда, қонун ва барномаҳои қабулгардидаро дар амал татбиқ намояд.

Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Как очистить сковороду от нагара?

Те сковородки, которые мы часто используем на нашей кухне обычно быстро покрываются нагаром. Сам то по себе нагар представляет плотную смесь из жира и металлической окалины. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: