Аз 17 то 19 март дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон ва дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, аз 17 то 19 март дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Аз 17 то 19 март дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад
17 март дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, 18-19 март дар водиҳо борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5- 10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
17 ва 19 март дар ноҳияҳои алоҳидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Манбаъ: АМИТ Ховар


Нет комментариев