Дар Ироқ 119 ҳолати бемории табларзаи геморрагикӣ ва 18 фавт ба қайд гирифта шуд

0
776 просмотров

Аз аввали сол дар Ироқ 119 ҳолати бемории табларзаи гуногуни геморрагикии вирусӣ ба қайд гирифта шуда, 18 бемор фавтидааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  дар ин хусус рӯзи панҷшанбе котиби матбуоти вазорати тандурустии кишвар Сайф ал — Бадр ба агентии иттилоотии Ироқ хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар вилояти Ди — Кори ҷануби кишвар 35 ҳолати беморӣ ошкор гардид, дар ҷойи дуюм Басра /18 сироят/ қарор дорад.

Табларзаҳои геморрагикӣ- гурӯҳи бемориҳои вирусӣ мебошанд, ки ба системаҳои гуногуни узвҳо зарар мерасонанд. Дар байни аломатҳои он табларза ва хунравӣ дида мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Спорт арена на 13/06

Сборная Таджикистана по полноконтактному рукопашному бою заняла второе общекомандное место на прошедшем чемпионате мира в городе Кисловодске Российской Федерации.             ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: