Дар Хуҷанд бахшида бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи ҳарбии варзишӣ баргузор

0
1 388 просмотров

Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мешавад ва бо мақсади беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, муҳаббат ба Ватан, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ таҳти унвони «Ватанпарвар» мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Мусобиқа аз рӯи намудҳои вазнбардорӣ, тирҷойкунӣ ба тирдон, ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомати тамғаи «Калашников», дастхобонӣ ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ баргузор гардид.

Чунин чорабиниҳо имкон фароҳам меоранд, ки наврасону ҷавонон ба солимӣ ва таҳкими неруи хеш аҳамияти бештар дода, дар ҳама ҳолат баҳри ҳифзи Ватану миллати хеш омода бошанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Таҷлили Рӯзи Модар дар вилояти Суғд

Дар Қасри Арбоб бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: