Дар Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ баргузор мегардад

0
725 просмотров

11-12 август  дар шаҳри  Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории  «Помиринвест-2023» баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар форуми «Помиринвест» доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат  иштирок менамоянд.

Ҳадафи форуми «Помиринвест-2023» мусоидат ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба рушди соҳибкорӣ, хусусан дар бахши сайёҳӣ ва  инфрасохтори он, амалӣ намудани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо дигар минтақаҳои мамлакат ва давлатҳои ҳамҷавор,  татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар Бадахшон, истифодаи самараноки имконият ва сарватҳои табиии Бадахшон мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оиди тариқи таҷрибавӣ таҳия ва ҷорӣ намудани буҷети шаҳрак ва деҳот

Дар маҷлисгоҳи осоишгоҳи «Баҳористон» ҷаласаи гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба тариқи таҷрибавӣ таҳия ва ҷорӣ намудани буҷети шаҳрак ва деҳот баргузор шуд. Дар кори ҷаласа ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: