Дар Душанбе ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид

0
843 просмотров

Дар шаҳри Душанбе намоиш— фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ  оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Намоиш— фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар он корхонаҳои саноатӣ  ва соҳибкорони ватанӣ дар баробари либоси мактабӣ, пойафзолу ҷӯроб, ҳамчунин  ашёи хониш ба фурӯш гузоштаанд. Либоси мактабӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст дар  корхонаҳои дӯзандагии мамлакат омода карда шудааст.

Ин тадбир имкон фароҳам меорад, то хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе либоси мактабӣ харид намоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Тангно”

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят намоиши нахустини филми «Тангно», ки аз рӯйи асари нависандаи маъруфи тоҷик Сорбон ва дар коргардонии Муҳиддини ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: