Дар Бодканд ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

0
1 083 просмотров

Тибқи мувофиқаи Тарафҳо, аз 10 то 15 феврали соли 2022 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди (Ҷумҳурии Қирғизистон) ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо роҷеъ ба гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, идома диҳанд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дили сунъие, ки чун аслӣ кор мекунад

Технологияи узви сунъӣ солҳои охир бошиддат рушд ёфта истодааст ва махсусан дар соҳаи робототехника. Тадқиқотчиёни шветсарӣ нишон доданд, ки ҳамон технологияҳои барои офаридани дастони роботикунонидашуда ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: