Чангкашакҳои хушктозакунанда

0
2 933 просмотров

Айни ҳол ба шумо интихоб ва истифодабарии дурусти чангкашакро маслиҳат доданием.

Чи хеле, ки ба шумо маълум аст, тозагӣ-гарави саломатист. Мехоҳед дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бесарфкунии меҳнати зиёд хонаи худро тозаю озода нигоҳ доред? Пас аз чангкашакҳои  мансуби ширкатҳои маъмули ҷаҳонӣ «Самсунг, Ролсен, Делонги, Элҷи, Зануссӣ, Дэу» истифода баред. Чангкашакҳо ду намуд доранд: чангкшакҳои ба тариқи тар ва хушк тозакунанда.

Дар ҳолати бо чангкашаки  ба тариқи тар тозакунанда гилеми хонаатон нам мегардад, ки дар натиҷа дар гилем шумораи бактерия ва микробҳо меафзоянд. Филтри обии чунин чангкашакҳо  барои тозакунии хонаҳои шахсони ба чанг ва пашми ҳайвоноти хонагӣ аллергиядошта , кӯмак мерасонанд.

Бояд донист, ки чангкашакҳои хушктозакунанда барои тоза кардани қолинҳо ва фаршҳои хона истифода бурда мешаванд. Иқтидори истеъмолкунии худи чангкашак ба иқтидори фурӯбарии чангу ғубор аҳамият надорад.

Дар хотир доред, ки дар ҳолати истифодабарии таҷҳизотҳои барқӣ, аз ҷумла тафдон ва чангкашак, ба техникаи бехатарӣ риоя кардан зарур аст.

Умедворем, баъд аз шунидани маслиҳатҳои муфиди мо, Шумо, дар интихоби чангкашаки барқӣ  хато нахоҳед кард.

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Хатико — самый верный друг

На фото — знаменитый на весь мир пес Хатико, преданность которого известна многим. Верный друг  появился на свет в ноябре 1923 года, и вскоре, после ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: