Бонки миллӣ:Тамдиди давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонӣ

0
1 823 просмотров

Шурӯъ аз  11 декабр Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муваззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ то соати 19:00 тамдид намоянд.  

Иқдоми мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷон, сари вақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ роҳандозӣ шуда, шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд.

Ёдовар мешавем, ки  низомҳои пардохтии «Юнистрим» ва «Контакт» ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд. Аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассути ин низомҳо бе мамониат интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби асъор барои имрӯз 06.10.2017

Имрӯз, 6 октябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8200 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: