Блогери машҳур Ҳасбулло Магомедов (Хасбик) бо UFC шартнома баст!

0
1 306 просмотров

Блогнависи машҳури рус Ҳасбулло Магомедов, ки бо лақаби Ҳасбик маъруф шудааст, дар саҳифаи Instagram эълон кард, ки барои мубориза бурдан бо UFC шартнома имзо кардааст.

Блогнависи 20-сола, ки қадаш аз 95 см зиёд нест, дар ҳашткунҷа мубориза мебарад.

«Овозаҳо дурӯғ намегӯянд. Ман расман шартнома барои мубориза дар UFC имзо кардам! Тафсилот то охири сол маълум мешавад. Ташаккур ба UFC ва Дана Уайт барои имконият! Албатта, ман кӯшиш мекунам, ки ба боварии шумо созгор бошам. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар амалӣ шудани ин орзу ба ман  кӯмак кардаанд.”-гуфтааст,Ҳасбик.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябр хабарҳое паҳн шуда буданд, ки гӯё  Ҳасбик бо UFC  шартномаи 5 сола бастааст. Ҳамчунин, мавсуф қаблан қаҳрамони собиқи UFC дар ду вазн Конор Макгрегор  таҳқир карда буд.

Манбаъ: Варзиш-Тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Истифодабарандагони Facebook метавонанд аккаунти худро ба васият гузоранд

Facebook ба истифодабарандагон имконият медиҳад, ки ба дигарон аккаунтҳои худро васият кунанд.  Дар ҳолати марг онҳо метавонанд аккаунти шахси васият гузоштаро назорат кунанд. Истифодабарандагони ИМА ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: