«БЕҲТАРИН РОЛИКИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмун оғоз ёфт

0
643 просмотров

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмуни «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе»-ро дар соли 2024 эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмун аз рӯи 2 номинатсия: номинатсияи шахсони ҳуқуқӣ ва номинатсияи шахсони воқеӣ доир карда мешавад.

Иштирокчиёни озмун барои ишғоли ҷойи аввал соҳиби 5 000 сомонӣ, ҷойи дуюм – 3 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм – 2000 сомонӣ мешаванд.

Маълумоти бештарро доир ба озмун хоҳишмандон метавонанд аз саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сомонаҳои иҷтимоӣ: Фейсбук: Dushanbe-travel, Инстаграм: dushanbe.travel ва Телеграм: Dushanbe.travel дастрас намоянд.

Муҳлати охири қабули роликҳо то 10 июни соли 2024.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Рафти амалиёти «Кӯкнор-2017» дар вилояти Суғд

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кӯкнор-2017» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: