“Барселона” омодааст, ки бо Феликс ва Конселу қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонад

0
648 просмотров

«Барселона» дар равзанаи тобистона бо ду бозигар Жоау Конселу ва Жоау Феликс қарордоди ҳамкорӣ ба имзо мерасонад. Дар ин бора агенти футболбозон — Жорже Мендеш хабар додааст.

Қайд карда мешавад, ки каталонияҳо нақша доранд, ки трансферҳои пурраи ҳимоятгар Жоао Кансело («Манчестер Сити») ва ҳамлагар Жоао Феликс («Атлетико») тобистони имсол ба даст оранд.

Ҳоло ҳарду футболбоз ба таври иҷора дар дастаи “Барселона” бозӣ мекунанд. Дар тобистон бошгоҳ нақша гирифтааст, ки барои Феликс 40 миллион евро (ба ҷои 80 дархостшуда) ва барои Канселу 15 миллион евро (ба ҷои 20) пардохт кунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мастчоҳ. Ба 25 нафар ятимони кулл кӯмакҳои яквақтина ва туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхории ҳамешагӣ фаро гирифтани ятимону бепарасторон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: