Барномаи нави консертии Манижа дар Москва

0
7 069 просмотров

Шоми 27 октябр, овозхони номдори тоҷики муқими Русия-Манижа Сангин, дар толори зеботарини Москва «Дом Союзов» барномаи ҳунариашро пешкаши мухлисонаш гардонид. Ин дувумин барномаи ҳунарии Манижа дар Русия мебошад. Нахустин консерти ҳунарии Манижа моҳи май дар пойтахти шимолии Русия Санкт-Петербург баргузор шуда буд.

Ногуфта намонад, ки Манижа яке аз камтарин овозхононе ҳаст, ки аз технологияҳои замонавӣ дар омода кардани намоҳанг истифода мекунаду дар саҳифаи Instagram-аш беш аз 250 ҳазор аъзо дорад. Пас аз сароидани сурудҳои «I miss you», «I wish», ва «Люстра», Манижа бо хитоб ба тамошобинон «Шом бахайр», — гӯён хушомадед гуфт ва даст сари бар-тоҷикона аз ҳузури онҳо миннатдорӣ кард. Бештари сурудҳои Манижа Сангин бо забони русӣ ва англисӣ сароида шуданд. Чанде аз сурудҳои тозаэҷодаш ҳам дар ҳамин консерт пешкаши мухлисонаш шуд, ки яке аз онҳо «Феноминали вумен» буд.

Пеш аз оғози ин суруд, Манижа ба аҳли толор муроҷиат карду гуфт, ки ҳар як инсон шахсияти нотакрор аст ва агар аз ҷиҳати намуди зоҳирияш аз дигарон фарқ кунад, ин бойгарии ӯст.

 

Манбаъ: сомонаи расмии sputnik-tj.com

Нет комментариев

Также рекомендуем

Легенды завтрашнего дня

Название: Легенды завтрашнего дня Оригинальное название: DC’s Legends of Tomorrow Год: 2016 Страна: США Слоган: «Their time is now» Режиссер: Дермотт Даунс, Глен Винтер, Джо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: