Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд, зани 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 ва 167 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар фурӯхтани тифли навзодаш дастгир карда шуд. Гумонбаршуда, духтарчаи яксолаашро ба як сокини ш.Хуҷанд бар ивази 400 доллари амрикоӣ фурӯхтааст. Аз рӯи ин ҳодиса, нисбати дастгиршуда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ВКД Ҷ.Т хабар медиҳанд.
Ҷаҳонгир Маҷидов барандаи нишони биринҷии Baku Grand Slam 2025
Дар рӯзи охири мусобиқаи Baku Grand Slam 2025 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон паҳлавони ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг барандаи нишони биринҷӣ ...


Нет комментариев