Ба хориҷа 4690 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд

1
7 600 просмотров

ma-kishovarziМатлуботчиёни вилояти Суғд барои бемамоният ва самарабахш гузаронидани фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2014 – 2015 — 5864 тонна сабзавот, 3976 тонна картошка, 609 тонна меваи тару тоза, 755 тонна маҳсулоти полезӣ ва 1177 тонна маҳсулоти ғаллагӣ захира намуданд.

Дар ин бора раиси Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят Яъқуб Игамбердиев зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои Я. Игамбердиев матлуботчиёни вилоят оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа низ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, ба кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Ироқ, Туркия, Русия ва Туркманистон ба миқдори 2094 тонна пиёз, 143 тонна меваи тар, 1943 тонна меваи хушк, 510 тонна сабзавот, дар маҷмӯъ 4690 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуданд.

Ҳамзамон дар гармхонаҳои Иттифоқи матлуботи вилоят ба миқдори 40 тонна сабзавот ба маблағи 113 ҳазор сомонӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳад.

1 comment

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Кишти зироати кишоварзӣ 101 фоиз иҷро шуд

Бинобар маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 185142 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад. Ҳафтаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: