Аз 4 то 10 январ мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон сурат мегирад

0
1 495 просмотров

Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4  то 10 январ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлон, Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар зарфи як ҳафта  вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон суҳбат намуда, ба онҳо роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ ва дигар соҳаҳо маълумоти  мукаммал медиҳанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вусъати бунёдкориҳо дар Панҷакент

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамон имрӯзҳо дар ҳар гӯшаву канори мамлакат, шаҳру деҳот, ҷамоату маҳаллаҳо омодагиҳо ҷараён доранд. Дар вилоят ба истиқболи ин ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: