Аввалин телевизори печонидашавандаи LG ба фурӯш мебарояд

0
2 275 просмотров

Ин телевизоре мебошад, ки ширкати LG дар бораи он соли гузашта хело иттолоъ дода буд, ана акнун ҳангоми намоиши CES 2019 эълони ба фурӯш баромадани онро баровард. Инак омода бошед ба наздикӣ телевизори печони OLED ба истифода мебарояд.

LG SIGNATURE OLED-R – чунин ном дорад ин телевизори инноватсиони, ки нигоҳи моро ба тамошои телевизор дигаргун месозад.

Албатта печутоб хӯрдани экран бояд на танҳо як функсия, балки он бояд ҳалли масъала низ бошад. Дар реҷаи Full View (тамоман кушод) он намуди телевизори оддиро дорад, аммо баъди каме печонидан ба намуди Line View (вақте росткунҷаи худ боқи мемонад) – ин намуди таҷҳизоти борикро гирифта, мисли соат ё плеери мусиқи кор карда метавонад, албатта дар оянда номгӯй васеъ мешавад.

Реҷаи охирин ин Zero View мебошад, ки экран уман гум мешавад, ин вақт таҷҳизот функсияи системаи овозии 4,2 шабакавиро бо иқтидори 100 ваттаро мегирад.

Телевизор имкони дастрасиро ба системаи webOS 4.5 ва истифодаи Google Assistant ва Amazon Alexa-ро дорад.

Дастраскуни ба нимаи дуввуми соли равон ба нақша гирифта шудааст. Мутаасифона дар бораи арзиш ҳоло маълумоте наомадааст. Оид ба кафолат бошад, LG кафолат медиҳад, ки SIGNAUTRE OLED-R, 50 ҳазор печу-кушодро тоб оварда метавонад.

 

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Как экспортировать посты из Facebook в «Google Диск»

Если вы захотите создать архив своих Facebook-постов (например, чтобы сохранить всё перед масштабной чисткой публикаций или полным удалением аккаунта), сделать это нетрудно благодаря функции, которая уже ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: