Аввалин голи Серхио Агуэро дар «Барселона»

0
2 355 просмотров

Форварди аргентинии дастаи “Барселона” Серхио Агуэро аввалин бозиашро дар ҳайати дастаи наваш баргузор кард. Бозигари 33 сола дар рақобати дӯстона бо “Корнеля» аз Сегундаи Б вориди майдон шуда, 30 дақиқаро дар майдон сипарӣ намуд. Бозии мазкур бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт, ки голҳои “нилунориҳо”-ро Серхио Агуэро ва Филиппе Коутинйо заданд. Дар рақобати мазкур он футболбозоне, ки ба ҳайти тимҳои мунтахаби худ даъват нашуданд, иштирок карданд.

Дар мавсими ҷорӣ то ҳол Серхио бо сабаби осеб доштанаш дар бозиҳои расмӣ ба майдон набаромадааст. Эҳтимол меравад, ки дар бозии ояндаи даста вориди рақобат шавад.

Манбаъ: varzishtv.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

10-ноябр Рӯзи Милитсияи Тоҷик!

Муҳтарам  кормандон ва собиқадорони Мақомоти корҳои дохилӣ! Бо таманниёт ва эҳтироми беандоза, ҳамаи шумоёнро бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод менамоем ва дар ин ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: