Ҳавопаймо бо ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ вориди Тоҷикистон нашудааст

0
2 601 просмотров

«Ҳавопаймо бо ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар қаламрави кишвар фуруд наомадааст», — изҳор доштанд имрӯз аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон дархости дахлдор нагирифтааст», — гуфтанд аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ТАСС ва якчанд агентиҳои иттилоотӣ бо истинод ба телевизиони «Tolo News» хабар доданд, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ шоми 15 август кишварро тарк карда, гӯё ба Тоҷикистон фирор намудааст. Дар ҳамин ҳол, Ашраф Ғанӣ ҳоло дар Уммон қарор дорад. Ин изҳоротро рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии «Kabul news» дар «Twitter» пахш кард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 03.06.2022

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.4000 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: