Ҷавонони фаъоли тоҷик дар Форуми омӯзишӣ ва табодули малакаи роҳбарии ҷавонони Чин иштирок менамоянд

0
497 просмотров

Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон дар Форуми омӯзишӣ ва табодули малакаи роҳбарии ҷавонони Чин ва Осиёи Марказӣ, ки таҳти унвони «Пул ба сӯи оянда» баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум аз 15 то 22 май дар шаҳрҳои Шинҷон ва Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида, бо ин мақсад 5  корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ ба ин давлат сафар намуданд.

Мақсади форум тақвият бахшидани малакаи роҳбарӣ, ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсат, варзиш, илм, маориф, фарҳанг, саноат, сайёҳӣ, технологияҳои коммуникатсионӣ ва рушди ҳамкории байналмилалии ҷавонони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ мебошад.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Чаро тарифҳои 13 сол тағйирнаёфтаи «IRS» 7 фоиз афзуданд?

Тавре қаблан хабар додем, шурӯъ аз 1 январи соли 2022 тарифҳои тағйирёфтаи гузариш аз плазаҳои толлингии роҳи автомобилгарди «Душанбе—Чаноқ» мавриди истифода қарор мегиранд. Собиқ Вазири нақлиёти мамлакат, ҳоло муовини директори «IRS»  оид ба нигоҳдории роҳ Худоёр Худоёрзода  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» бо 25 далели асоснок  зарурати ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: