“Атлетико” бо гузашти 51 сол дар ЛЧ рекордашро такрор кард

0
567 просмотров

“Атлетико Мадрид” дар даври 8-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо дар меҳмонӣ бар “Ред Булл Залтсбург” бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва ба ин васила рекорди 51-солаи клубро дар мусобиқаи асосии Ҷоми Аврупо такрор кард. Дар ин бора Opta Sport хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, тими шаҳри Мадрид бори аввал аз мавсими солҳои 1973/1974 дар як мусобиқаи Лигаи Чемпионҳо (Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо) дар се бозии сафарӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки қаблан “Атлетико” бар “ПСЖ”-и Фаронса (2:1) ва ”Спарта”-и Чехия (6:0) пирӯз шуда буданд.

Дар ҷамъбасти марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо дастаи «Атлетико» бо 18 имтиёз дар ҷои панҷум қарор дорад ва мустақиман ба марҳилаи 1/8 ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Валентина Матвиенко гурӯҳи вакилони тоҷикро бо медали ҷашнӣ сарфароз гардонид

Бо қарори Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, раиси Шӯрои Федератсияи Россия Валентина Матвиенко иддае аз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: