Ашт. Дар шаҳраки Шайдон намоиши ҳунарҳои миллӣ баргузор шуд

0
6 273 просмотров

Дар ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт намоиши маҳсули дасти занони ҳунарманд ва устоҳои кандакор баргузор шуд.

Тавре сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ дод, дар намоиш адрасу атлас, қолинҳои дастибоф ва маҳсулоти кандакорӣ аз ҷониби ҳунармандони ҷамоат ба маъраз гузошта шуд.

Зимни ба намоиш гузоштани маҳсулоти занҳои ҳунарманди ҷамоат бо ибтикори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт ҳамчунин ярмаркаи хурди ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид. Дар ярмарка зиёда аз 80 ҷои холии корӣ бо ҷалби 8 ташкилоту муассисаҳо пешниҳод гардида, ба 6 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин шудан роҳхат дода шуд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

В Венесуэле произошёл государственный переворот

В Венесуэле проходит митинг против правления президента страны Николаса Мадуро. 23 января 2019 года спикер парламента Венесуэлы Хуан Гуаидо самопровозгласил себя временным главой республики на период действия ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: