Ҷашни Рӯзи Ҷаҳонии Дастшӯӣ!

0
2 006 просмотров

Оё шумо дар бораи чунин рӯзи ҷашни Рӯзи Ҷаҳонии Дастшӯӣ шунидаед? Нашунидаед? Аммо чунин ид дар ҳақиқат вуҷуд дорад. Рӯзи ҷаҳонии дастшӯӣ ҳар сол 15 октябр ҷашн гирифта мешавад ва он аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид қабул шудааст. Ба назари Шумо ин хандаовар менамояд? На! Бо воситаи дастҳои ношуста, вирусҳои бемориҳои гуногун ба бадани инсон ворид мешаванд. «Дастони ношуста ва ифлос» яке аз сабабҳои асосии фавти кӯдакон мебошад. Ва чунин одати оддии гигиенӣ, ба монанди дастшӯӣ, ҳар рӯз ҳаёти ҳазорҳо кӯдаконро наҷот медиҳад. Он на танҳо барои пешгирии сироятшавии бадан бо вирусҳои зараровар ва инфексияҳо кӯмак мекунад, балки ҳаёти моро боз ҳам дилпазир, хушбахт ва бехатар месозад. Дастҳоятонро бештар бо собун шӯед ва солим бимонед!

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ғолибони озмуни “Дастархонороӣ” муайян шуданд

Дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид. Ёдовар бояд шуд, ки озмуни мазкур бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сарфаву сариштакорӣ, камхарҷу сарфакорона, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: