Ансамбли Мактаби санъати шаҳри Хуҷанд дар Тошканд соҳиби ҷоиза шуд

0
3 403 просмотров

Дар интиҳои моҳи марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни байналмилалии ансамбл ва оркестрҳои бисёровоза бо номи “Наврӯз садолари” баргузор гардид.
Дар озмун ансамбли созҳои миллии Мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ширкат намуд.

Диплом

Хонандагон давоми як моҳ бо роҳбарии омӯзгори ҷавон Дилшод Ҳамроқулов мувофиқи талаботи низомномаи озмун омодагӣ гирифтанд. Ҳайати ансамбл аз омӯзгорон Замира Ҷӯраева чун роҳбари ансамбл, Дилшод Ҳамроқулов бо дутор-бас ва шогирдони онҳо Муҳаммадҷон Иброҳимов бо сози дойра, Муҳаммадзоҳир Муҳаммадҷонов бо сози най ва Исмоилҷон Азизов бо сози дутор иборат буданд.

Санаи 25-уми марти соли равон иштирокчиёни озмун дар толори Консерваторияи миллии Ӯзбекистон иштирок намуда, ансамбли созҳои миллии Мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералӣ сазовори ҷои дуюм гардид.

Манбаъ: http://www.khujand.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Комроншоҳ аз Бозиҳои Осиё-2018 бо ду медал баргашт

Шаби 3-4 сентябри соли 2018 як гурӯҳ варзишгарони тоҷик – иштирокчиёни Бозиҳои Осиё-2018 тавассути хатсайри Ҷакарта-Дубай-Душанбе ба Ватан баргаштанд. Миёни варзишгарон ҷоизадори бозиҳо, варзишгари маъруфи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: