Амалиёти навбатӣ барои наҷоти кӯҳнавардони рус анҷом ёфт

0
763 просмотров

19 август Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҳлияи кӯҳнавардони русро ба шаҳри Душанбе, ки ҳангоми фаромадан аз қуллаи Корженевская ҷароҳат бардошта буданд, оғоз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

18 августи соли 2023 ҳангоми фуромадани 13 кӯҳнаварди рус аз қуллаи Корженевская (7105 метр) як нафари онҳо ба қаъри 300 метр сарозер шуда, маҷруҳ гардид ва се нафари дигар низ ба ёрии тиббӣ ниёз доштанд. Кӯҳнавардон Олег Персикови 38-сола, сокини вилояти Москваро (бо қабурғаҳои шикаста ва сармохӯрии ангуштон) ба теппаи Москвин бурда, бонги изтироб заданд.

19 август як чархболи ширкати «Сомон Эйр» ҷудо гардид, ки соати 12:54 ба ноҳияи Лахш парвоз намуд ва соати 15:27 аз истгоҳи пойгоҳ дар марғзори Москвин (баландии 4300 метр) осебдидагон ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд.

Маҷруҳонро бо мошини ёрии таъҷилии Кумита ба беморхонаи Истиқлол интиқол дода, ба онҳо ёрии тиббӣ расониданд. Ҳоло кӯҳнавардҳо худро хуб ҳис карда, таҳти назорати табибон қарор доранд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Суғд: Хабарнигорон аз корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодӣ дидан карданд

Дар доираи саёҳати иттилоотӣ журналистони АМИТ «Ховар», телевизионҳои «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва маҷаллаи «Иқтисодчӣ» 18 июл бо фаъолияти як зумра корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: